Анонс
- Дар Тоҷикистон қайди дубораи беш аз 7 ҳазор нафар довталабоне, ки аз мандати нахустин имтиҳоноти мутамаркази қабул гузашта натавонистанд, идома меёбад. Бақайдгирӣ дар 5 маркази қайд дар кишвар то 28-уми август давом мекунад;
- Бозиҳои мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон: Ҳосилот – Исфара; Парвоз – Эсхата; Саройқамар – Ваҳдат; Хайр – Далерон-Ӯротеппа; Энергетик – Регар ТадАЗ ва КМВА «Помир» - Равшан. Оғози ҳамаи бозиҳо соати 17-00. Оғози бозии Истиқлол – Хуҷанд соати 18:30;
- Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар вазни то 73 кило Тоҷикистонро тарбиятгари мактаби дзюдои Душанбе Саидмухтор Расулов намояндагӣ мекунад;
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.9784 сомонӣ;
1 евро - 6.5745 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.138 8 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
1955 – Китоби нахустини рекордҳои Гиннес дар 198 саҳифа ба нашр расид.
2010 — Дар Маскав собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, собиқ директори генералии корхонаи кимиёи Исфара Низомхон Ҷӯраев боздошт шуд, ки аз соли 2007 мавриди пайгарди қонунӣ қарор дошт.
2013 — Дар боми маркази савдои «Пойтахт» дар Душанбе бахшида ба гузашти 100 рӯз аз замони боздошти соҳибкори маъруф Зайд Саидов флеш-моб доир гардид.
2013 — Дар Душанбе бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дуюмини автодроми иннноватсионии автоматишуда боз гардид.
1906-1975 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Иброҳимҷон Норматов.
1935 – Мавлуди актёри кино Марат Орифов.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +29+34.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, танҳо шабона дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +22+27.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, танҳо шабона дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 3500 метр барф).
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +10+15, рӯзона +25+30; дар шарқи вилоят шабона -1+4, рӯзона +13+18.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, каме чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +34+36.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +28+30.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста