Раиси  вилоят Абдураҳмон Қодирӣ  дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки муовинони  Раиси вилоят, роҳбарони раёсатҳо ва мудирони шӯъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи корӣ баргузор  намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар он сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ҷамбаст ва натиҷабардорӣ гардид. Дар ҷамъомад Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дастуру супоришҳо ва вазифагузориҳои  Сарвари давлатро ҳангоми сафар дар вилояти Суғд баррасӣ намуда, барои ҳалли саривақтии онҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Роҳбари вилоят  зимни суханронӣ рушди босуботи иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоятро таҳлил намуда, дар маҷмӯъ аз вазъи иктисодиву иҷтимоии вилоят изҳори қаноатмандӣ кард ва бартараф намудани камбудиҳоро тақозо намуд.

Раиси вилоят вазъи кунунии соҳаи саноатро баррасӣ намуда, афзун намудани ҳаҷми маҷмуъи маҳсулоти саноатии  вилоятро хоса таъкид намуд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки иҷрои нақшаи ба истифода додани корхонаҳои нави саноатӣ, ки соли ҷорӣ бояд 160 корхонаи хурду калон ба истифода дода  шавад, таъмин намоянд.

Ҳамчунин Раиси вилоят барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии  қадмиаи мардуми тоҷик, аз ҷумла қолинбофии дастӣ ва адрасу атласбофӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ба таври оммавӣ омӯзондани сокинонро аз тамоми гӯшаву канори вилоят муҳим арзёбӣ намуд. Зеро тавассути ба роҳ мондани ҳунармандӣ, хоса қолинбофии дастӣ ва адрасу атласи миллӣ меҳнати хонагиро ривоҷ дода, бо ҷои кори доимӣ таъмин намудан дар шароити кунунӣ имконпазир аст. Роҳбари вилоят масъулинро вазифадор намуд, ки бо ҳамкории мутахассисон аз ҷумҳуриҳои Эрон ва Афғонистон  омӯзондани тарз ва усули қолинбофии эронӣ ва афғониро бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ боз ҳам ривоҷ диҳанд.

Дар баробари ин бо ишора ба иҷро нагардидани нақшаи даромади буҷет аз ҷониби баъзе шаҳру ноҳияҳо ва вуҷуд доштани имкону захираҳои иловагӣ ба сохтору мақомоти дахлдор дастур дода шуд, ки барои таъмини босифату саривақтии нақшаҳои даромади буҷети давлатӣ, инчунин кам намудани бақияпулиҳо аз ҳисоби қарзҳои андоз чораҳои мушаххас андешанд.

Дар ҷаласа ҳамчунин ба вусъат додани корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ҷамъоварии пурраи ҳосили фаровони мева, сабзавот ва пахта диққати махсус дода шуда, дар ин ҷода аз фаъолияти нокифояи комбинатҳои консервабарории вилоят изҳори нигаронӣ карда шуд. Ҳамчунин роҳбари вилоят дар мавсими имсолаи ҷамъоварии пахта фаъолияти корхонаҳои пахтатозакуниро баррасӣ намуда, қайд кард, ки комиссияи махсус омодагии корхонаҳои мазкурро аз санҷиш гузаронида, шафофияти қабул ва коркарди пахтаро аз руи намудҳои пахта ба деҳқон пешниҳод наомяд.

Гузаронидани кишти такрориву тирамоҳӣ яке аз масъалаҳои меҳварии ҷаласа ба шумор рафта, дар барассии он Раиси вилоят аз масъулин тақозо намуд, ки дар мавсими имсола тухмии гандумро сад дар сад иваз намоянд.

- Зеро бо тухмиҳои аълосифат гузаронидани кишти саривақтии такрорӣ имкон медиҳад, ки ҳосили фаровон руйонида шавад - таъкид намуд, Абдураҳмон Қодирӣ. Ҳамчунин зиёд намудани кишти картошка дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва Ғончӣ низ дар ҷаласаи корӣ хоса таъкид карда шуд. Масъулони соҳаи кишоварзӣ вазифадор карда шуданд, ки дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ корбариро ҷоннок намуда, истифодаи техналогияҳои муосири соҳаи кишоварзӣ, тухмиҳои аълосифат ва ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаро ба роҳ монда, назорати иҷрои талаботҳои агротехникиро дар маҳалҳо пурзур намоянд.

Дар арафаи соли хониш Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба    беҳсозии сифати таълиму тарбияи насли наврас, пурзӯр намудани мубориза боҷинояткорӣ, таъмин намудани хонандагон бо либоси мактабӣ ва мизу курсӣ, ҳамчунин таъмин намудани мактабҳо бо омӯзгорони баландихтисос ва муҳайё намудани шароити зиндагӣ ба муаллимони ҷавон дар деҳот таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба масъулин барои беҳтар намудани сифати таълим дар мактабҳо супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаҳои таъмиру барқарорсозиии роҳҳо ва аз ҳоло омодагӣ гирифтан  ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина ба назди масъулин вазифаҳои мушахас гузошта шуд.