Дар доираи сафари крӣ ба шаҳри Ваҳдат президенти мамлакат ба дараи зебоманзари Ромити шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, нахуст дар деҳаи Тангаӣ шифохонаи хусусии Парасторро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, чунонки аён гардид, ин шифохонаи зебою муосир бо 100 кати хоб барои беморон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акрам Холиқов сохта шудааст.

Бинои шифохона дуошёна буда, барои бунёдаш 11 500 000 сомонӣ масраф шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 200 нафар бо кор машғул буд. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур наздики 100 нафар дар он бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Ҳоло ин шифохона дорои шуъбаҳои умумитиббӣ ва кӯдакона буда, барои хизматрасонии босифати тиббӣ ба наздики 80 ҳазор аҳолии 4 ҷамоати деҳоти воқеъ дар дараи зебои Ромит пешбинӣ шудааст.

Соҳибкор Акрам Холиқов тасмим дорад, ки оянда дар паҳлӯи ин бино ҳамчунин як бинои сеошёнаи дигар барои шуъбаи муосири ҷарроҳӣ бунёд намояд. Бо маслиҳати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор уҳдадор шуд, ки оянда то ба 50 нафар маъюбони ин минтақа ройгон хизмат расонанд.