Анонс
- Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат сафар намуда, дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани як қатор иншооти тозабунёд иштирок мекунад;
- Сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон Зариф Шарифзода дар кори машварати сардорони ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви СҲШ дар Пекин ширкат варзида, сипас ӯро раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба ҳузур мепазирад;
- Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар маросими савгандёдкунии президенти нави ин кишвар Раҷаб Тайип Эрдуғон ширкат мекунад. Маросими тантанавии сари мансаб омадани сарвари нави давлати Туркия рӯзи 28-уми август соати 14-00 ба вақти маҳаллӣ (16-00 ба вақти Душнбе) доир мегардад;
- Дар суди ноҳияи Синои пойтахт нисбати айбдоркунанда ба қатли Бурҳониддин Зарифов, хонадаи 17-солаи мактаби таҳсилоти умумии №54-и пойтахт ҳукм содир мешавад. Оғози мурофиа соати 11-00;
- Дар Бишкек ҷаласаи 13-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир мегардад;
- Дар меҳмонхонаи Serena Dushanbe маросими муаррифии китоби «Devanagrad»-и нависанда ва шоираи ҷавони тоҷик Аниса Собирӣ баргузор мешавад. Ин нахустин маҷмӯаи осори манзум ва мансури адиба аст.
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.9716 сомонӣ;
1 евро - 6.5207 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.138 5 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
1904 – Ронандаи автомобил бори нахуст барои баланд кардани суръат ба зиндон маҳкум гардид.
1936 – Таъсиси ширкати автомобилии «Тойота».
2000 – Президенти ҶТ Э.Раҳмонов ва пешвои маънавии исмоилиёни ҷаҳон шоҳзода Оғо Хони IV Созишнома дар бораи таъсиси Донишгоҳи байнулмилалии Осиёи Марказӣ дар Хоруғро ба имзо расониданд.
2003 – Ҳавопаймои мусофирбари нахустин аз Кобул ба фурудгоҳи Душанбе омад.
855-925 – Зодрӯзи мутафаккири форсу тоҷик Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ.
1916 – Мавлуди фолкоршиноси рус ва тарҷумон Мирра Явич.
1931 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, академики Академияи илмҳои омӯзгорӣ ва иҷтимоии Русия, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, профессор Мансур Бобохонов.
1942 – Мавлуди фарҳангшинос Эрна Гейзер.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +28+33.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +21+26.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +8+13, рӯзона +22+27; дар шарқи вилоят шабона -3+2, рӯзона +9+14.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +36+38.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +34+36.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +25+27.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста