Бо дастгирии ташаббуси Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи рӯзи 30-юми август дар пойтахт баргузор намудани иди ҳамасолаи асал ва харбуза қарор ба имзо расонид.
Бино ба итиилои мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин чорабинӣ аз соати 7-и субҳ то 18-и шомгоҳон дар бозорҳои нисбатан бузурги маҳсулоти ғизойии пойтахт - «Шоҳмансур», «Саховат», «Қарияи боло» ва «Деҳқон» баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, раиси пойтахт ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани ин чорабинӣ ба сохторҳои марбута, раисони ноҳияҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт дастуру супоришҳои дахлдор додааст.
Дар ин бозорҳо ба харидорон навъҳои беҳтарини асал ва харбуза пешкаш гардида, маъмулан навъҳои дигари маҳсулоти кишоварзӣ низ бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш бароварда мешаванд.
Бино ба маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии «Асали тоҷик», нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 500 тонна асал истеҳсол шудааст.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар ин чорабинӣ дар пойтахт занбӯриасалпарварони ҷумҳурӣ зиёда аз 115 тонна асал ва зироаткорон зиёда аз 187 тонна навъҳои гуногуни харбузаи хуштамъу болаззатро пешкаши меҳмонон ва сокинони пойтахт гардонида буданд.
Гуфта мешавад, дар баробари асал ва харбуза инчунин дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 230 тонна, аз ҷумла тарбуз, картошка, пиёз, помидор, бодиринг, сабзӣ, каду, себ, нок, боймиҷон, шарбати мева, гӯшт ва тухм ба фурӯш гузошта шуд. Маҳсулотҳои зикргардида нисбати нархҳои бозор ба андозаи 20-30 фоиз арзон ба фурӯш бароварда шуда буд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста