Рӯзи 29-уми август дар шаҳри Қӯрғонтеппа намоишгоҳ-ярмаркаи дурӯзаи маҳсулоти истеҳсолкунандагони Тоҷикистону Афғонистон ба кор шурӯъ намуд.
Намояндаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Барот Бойматов зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ қайд кард, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа чунин намоишгоҳ-ярмарка маротибаи сеюм доир гардида, баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими ҳамкориҳои миёни соҳибкорони ҳарду кишвар ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ҳамкории минбаъда мусоидат менамояд.
Намояндаи маъмурияти музофоти Қундузи Афғонистон Маҳбубулло Маҳбуб дар навбати худ зикр кард, ки вазъи имрӯзаи Афғонистон ба ҷалби бештари соҳибкорони афғонӣ имкон намедиҳад ва изҳори умедворӣ намуд, ки минбаъд чунин чорабиниҳо бо ҷалби зиёдтари соҳибкорон мунтазам баргузор карда шаванд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста