Анонс

- 30 август шурӯъ аз соати 7-и субҳ аз рӯи зарурат ҳаракати нақлиёт дар як қатор роҳҳои пойтахт маҳдуд карда мешавад. Президенти кишвар дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот дар шаҳри Душанбе иштирок мекунад;

- 30 август дар Душанбе Иди асал ва харбуза доир мегардад. Ин чорабинӣ аз соати 7-и субҳ то 18-и шомгоҳон дар бозорҳои нисбатан бузурги маҳсулоти ғизойии пойтахт - «Шоҳмансур», «Саховат», «Қарияи боло» ва «Деҳқон» баргузор мешавад;

- 30 август дар тарабхонаи Delhi Darbar барои кӯдакон аксияи хайрияи «Иди ширинӣ» баргузор мешавад. Оғози чорабинӣ соати 09-00;

- 30 август дар боғи ботанкии «Боғи Ирам»-и пойтахт фестивали «Рангоранг-2014» доир мегардад. Ин чорабинӣ аз ҷониби ихтиёриёни сафоратхонаи Бритониё ва VSO дар Тоҷикистион созмон дода шуда. ба рушди сайёҳӣ нигаронида шудааст. Фестивал аз соати 08-00 то 18-00 давом мекунад;

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.9705 сомонӣ;

1 евро - 6.5562 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.13 49 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

30 Август

1996 – Дар корхонаи гидрометаллургии Исфара коргоҳи истеҳсоли сурмаи металлӣ ба кор даромад.

2003 – Дар Душанбе Ҳамоиши байнулмилалии оби тоза «Об, муҳити зист ва амният» ба кор шурӯъ кард.

2007 — Тоҷикистон бо Парагвай муносибатҳои дипломатӣ роҳандозӣ намуд.

2009 — Дар Тоҷикистон бо иштироки президенти мамлакат нақби «Шар-Шар» ба истифода дода шуд.

2010 — Нашри газетаи ҳамарӯзаи «ИмрӯзNews» дар Тоҷикистон оғоз гардид.

2010 — Нашри ҳафтавори ҷамъиятиву сиёсии «Азия-Плюс» ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе ба роҳ монда шуд.

2011 — Дар Душанбе Парчами ҶТ дар пояи баландтарин дар ҷаҳон барафрохта шуд, ки ба Китоби рекордҳои Гиннес номнавис шуд.

1951 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саодат Азизова.

1956 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов.

31 Август

1991 — Дар иҷлосияи Шӯрои олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи ивази номи ҶШС Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул шуд.

2011 — Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси»--и пойтахт афсари хадамоти махсуси Русия, Владимири Кузнецов, подполковники 38-солаи гурӯҳи посбонони президенти Русия Дмитрий Медведев аз олам даргузашт.

2011 — Аз ҷониби афроди номаълум сардабири рӯзномаи мустақили «Фараж» мавриди лату кӯб қарор гирифт.

1930 – Зодрӯзи доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон Очилбой Усмонов.

1957-1999 — Мавлуди журналист Ҷумъахон Ҳотамӣ.

1964 – Зодрӯзи олим Ашӯралӣ Олимов.

Обуҳавои р ӯ зҳои 30-31-уми августи соли 2014

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +24+29.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +29+34.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +10+15, рӯзона +23+28;  дар шарқи вилоят шабона 0+5, рӯзона +10+15.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат.   

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +26+28.