Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ММКД ДОМ) нуҳумин маросими хатми таҳсилро санаи 30 августи соли 2014 дар театри шаҳри Хоруғи ВМКБ доир намуд.
Бино ба иттилоияи расмии ДОМ, дар маросими хатми таҳсил чонишиеи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) хонума Киматгул Алибердиева, ҷаноби Ғулом Ҳошим, консули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ, ҷаноби Саидмаҳмуд Садрӣ, сафири муваққати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷаноби Талопов Алибек, сафири муваққати Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат варзиданд. Ҳамчунин ҷаноби Шамш Қосим Лакҳа, намояндаи дипломатии Шабакаи Рушди Оғохон (AKDN) дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳамзамон раиси Кумитаи иҷроияи мудирияти ДОМ низ дар ин чорабинӣ иштирок доштанд.
“Ҳамкориҳо миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) аз замони ба даст овардани истиқлолият шурӯъ шуда, дар ҳоли тавсеа мебошанд.Таъсиси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ нишонаи самаранокии чунин ҳамкориҳо буда, худи Донишгоҳ маркази байналмилалии илму маориф дар минтақа хоҳад гардид,” - гуфт ҷаноби Шодихон Ҷамшед.
Мактаб дар маросими хатм дар Хоруғ ба 220 хатмкунанда шаҳодатнома супурд. Хатмкунандаҳои барномаи технологияи иттилоотии ДОМ соҳиби шаҳодатномаҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофгардидаи Иҷозатномаи байналмилалии компютерӣ ва Палатаи савдо ва саноати Лондон гардиданд. Бо шаҳодатномаҳои касбӣ хатмкунандаҳои барномаҳои таълимии Технологияи муҳосибот ва Таҳсилоти касбӣ-техникӣ сарфароз гардонда шудаанд. Хатмкунандаҳои курсҳои Хазинадорӣ/Муҳосибот, Забони англисии академикӣ ва муоширатӣ соҳиби шаҳодатномаҳои хатм гардиданд. Ба Хатмкунандаҳои курсҳои Забонҳои русӣ, олмонӣ ва чинӣ барои муошират (гуфтугӯӣ) Маълумотномаҳои дастовард дода шуд.
ММКД соли 2006 дар шаҳри Хоруғ таъсис дода шуда, Маркази таълимии он дар шаҳри Душанбе соли 2008 кушода шуд. То ба имрӯз, ММКД фарогирии беш аз 22 000 донишомӯз дар шаҳри Хоруғ ва 11 000 донишомӯз дар шаҳри Душанберо амалӣ кардааст.
Соли сеюм аст, ки барномаи Таҳсилоти касбии байнимарзӣ дар Бадахшони (CVEB) ММКД-ро донишомȳзон аз Афғонистон хатм мекунанд. Ин барнома иқдоми муштараки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Агентии ИМА барои рушди байналмилалӣ (USAID) ва Хазинаи Оғохони ИМА буда, аз ҷониби Мудирият оид ба Осиёи ҷанубӣ ва марказии Вазорати корҳои хориҷии ИМА маблағгузорӣ мешавад.
Tариқи CVEB, 48 нафар хатмкунанда аз вилояти Бадахшони Афғонистон ва 12 нафар аз ВМКБ-и Тоҷикистон барои омӯзиш дар барномаҳои Забони англисии академикӣ, Иҷозатномаи байналмилалии компютерӣ, муҳосибот/хазинадорӣ ва технологияи муҳосибот дар ММКД-и Хоруғ бурсияҳои таҳсил дарёфт намуданд. Омӯзиш барои донишомӯзони афғон ба забони дарӣ, бо истифода аз маводҳои таълимии аз ҷониби ММКД таҳияшуда роҳандозӣ шуда буд.
Шурӯъ аз соли 2009, ММКД тавассути CVEB бозомӯзии 200 омӯзгори афғон ва 35 нафар омӯзгорони тоҷикро дар риштаҳои мухталиф амалӣ кардааст. Як тадқиқоти соли 2013 нишон дод, ки 62 дарсади хатмкардаҳои афғони барномаи CVEB соҳиби ҷойи кор шудаанд.
Ба шарофати ҳамкориҳо бо Хазинаи Оғохон ва агентиҳои давлатӣ, ММКД инчунин курсҳоро дар Афғонистон роҳандозӣ намуда, аввалин маркази таълимиро дар ин кишвар соли 2010 дар Шуғнон боз кард. Баҳори соли 2014, Мактаб се маркази таълимии навро дар шаҳри Файзобод, вулусволиҳои Дарвоз ва Ишкошим, инчунин Бахши маълумоти давомдор дар Доннишгоҳи Бадахшонро боз кард. Дарсҳои Забони англисӣ ва технологияи иттилоотӣ дар ҳоли роҳандозӣ мебошанд.
“ММКД аввалин мактаби фаъоли ДОМ аст, ки дар бароварда кардани эҳтиёҷот ба таҳсилоти касбӣ-техникӣ дар Осиёи Марказӣ саҳми назаррас гузоштаст. ДОМ давоми чанд сол дар самти омодасозии қитъа барои бунёди кампуси Хоруғ фаъолият дорад. Бо қаноатмандӣ арз медорам, ки Волоҳазрат Оғохон барои суръат бахшидани бунёди кампус дастур доданд. Корҳои зербиноӣ моҳи Сентябр шурӯъ хоҳанд шуд ва мо умедворем, ки соли 2018 пас аз анҷоми бунёди имороти марҳилаи аввал донишҷӯёнро хайра мақдам мегӯем. Мо аз дастгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаҳои байналмилалии кӯмакрасон ҷиҳати пешрав сохтани ММКД дар доираи талошҳои таҳсилотии худ хушҳол ҳастем ва аз дастгирии онҳо ҷиҳати ба муассисаи таълимии пешрав табдил додани ДОМ дар самти таҳсилоту тадқиқоти донишҷӯиву баъдидонишҷӯӣ хушбин ҳастем,” - гуфт дар навбати худ Қосим Лакҳа.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста