Дар шаҳри Исфара имрӯз бо иштироки раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода бинои нави муосири мактаб-интернати махсус барои кӯдакони биноиашон заъиф ба истифода дода шуд.
Сухангӯи раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сохтмони бинои нави мактаб-интернат ба маблағи зиёда аз 60 ҳазор сомонӣ пурра аз ҷониби ҶДММ «Химзавод» (Корхонаи кимиё) маблағгузорӣ шудааст.
«Дар мактаб-интернати мазкур беш аз 80 нафар тарбиятгирандагон аз бисёр ноҳияҳои вилояти Суғд иқомат ва таҳсил мекунанд. Имрӯз мушкили асосии мактаб-интернат, ки ба норасоии синфҳои дарсӣ марбут буд, ҳаллу фасл шуд», - қайд кард Тешаев.
Ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти ҶДММ «Химзавод» ҳамчунин масъалаи пардохти маблағ барои бо ғизо таъмин кардани тарбиятгирандагони мактаб-интернатро баррасӣ мекунад.
«Имрӯз раиси шаҳри Исфара ба 49 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат сарулибоси мактабӣ ва асбобу лавозимоти хониш тақдим кард», - гуфт сухангӯи раиси шаҳр.
Зимнан зикр гардид, ки дар 84 мактаби таҳсилоти миёни умумии шаҳри Исфара зиёда аз 46 ҳазору 600 нафар толибилмон таҳсил карда, беш аз 3 ҳазору 200 нафар омӯзгорон ба онҳо дарс мегӯянд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста