Имрӯз зимни суханронӣ назди намояндагони сершумори соҳаҳои илму маорифи ҷумҳурӣ ва донишҷӯён дар бинои нави Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти чанде аз намояндагони ҷомеаи омӯзгории кишвар оид ба баҳодиҳии воқеъӣ ба дониши толибилмон дар макотиби таҳсилоти миёнаи  умумиро мавриди интиқод қарор дод.

Сарвари давлат қайд кард, ки  имсол аввалин бор дар кишвар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ тавассути имтиҳоноти марказонида дохил шуданд.

«Ҷараёни қабули имтиҳонҳои марказонидаи имсола собит намуд, ки баҳои гузоштаи омӯзгорон ба дониши воқеии хонандагон мувофиқат намекунад, яъне сатҳи дониши толибилмон хеле паст аст, - иброз дошт президент. - Чунин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки баъзе омӯзгорон ҳангоми баҳогузорӣ ба дониши шогирдон бемасъулиятӣ зоҳир намуда, талаботи баҳогузориро риоя намекунанд».

Эмомалӣ Раҳмон бо зикри воқеъияти ҷаҳони муосир, ки ба ҷалби ҷавонон ба ҳаракат ва равияҳои гуногуни ифротгаро марбут аст, аз ҷомеа даъват кард, ки дар ҳалли мушкилоти мазкур худро канор нагиранд.

«Вақтҳои охир аз бемасъулиятии як қисми волидайн ва масъулини баъзе муассисаҳои таълимӣ ҷавонон ва махсусан хонандагон бо сабаби ғайримақсаднок истифода бурдани шабакаҳои интернет даст ба ҷиноят мезананд ва бо ҳамдигар муноқиша менамоянд, ки чунин муносибат то ба куштор оварда мерасонад, - таъкид дошт сарвари давлат. - Бинобар ин, падару модарон ва масъулини муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки истифодаи шабакаҳои иттилоотии ба рӯҳияи ҷавонон зарароварро дар хона ва мактаб маҳдуд намоянд ва истифодаи телефонҳои мобилии фарзандонро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд».