Толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо забони тоҷикӣ танҳо аз рӯзномаҳо бо забони тоҷикӣ истифода мекунанд.

Котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми ҶТ Эҳсон Хушвахтов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳанӯз моҳи марти соли ҷорӣ доир ба дар мактабҳои тоҷикӣ истифода шудани рӯзномаҳо бо забони тоҷикӣ, дар синфҳои ӯзбекӣ бо забони ӯзбекӣ ва дар синфҳои русӣ бо забони русӣ супориши президенти кишвар содир шуда буд.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзномаҳо дар матбааи маҳаллӣ нашр шуда, ояндаи наздик дар ин ҷо чопи дафтарҳои мактабӣ низ ба роҳ монда мешавад ва арзиши рӯзномаҳо 5 сомонӣ аст.

Котиби матбуотии вазорат ҳамчунин қайд кард, ки ҳанӯз моҳи аррел вазорат ба ҳамаи мактабҳо супориш дода буд, ки хонандагонро аз ин навоварӣ огоҳ намоянд.

«Мо ҳанӯз то анҷоми соли хониш толибилмонро огоҳ карда будем, ки худамон онҳоро бо рӯзнома таъмин мекунем ва онҳо рӯзномаҳои нав харидорӣ накунанд. Дар мағозаҳо рӯзномаҳо бо забони тоҷикӣ фурӯхта мешаванд, вале аз ҷониби кӣ чоп шудани онҳо маълум нест. Онҳо аз рӯзномаҳои русӣ тарҷума шуда, дар ин рӯзномаҳо фанҳое зикр шудаанд, ки дар Тоҷикистон умуман ин фанҳо таълим дода намешаванд», - гуфт ӯ.

Дар робита ба сарулибоси мактабӣ Хушвахтов зикр кард, ки Вазорати маориф ва илм дар ин самт ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ накардааст. «Баъзе мактабҳо хоҳони он шуданд, ки хонандагонашон дар коргоҳи муайяне сарулибоси мактабиашонро дӯзанд ё танҳо сарулибоси рангаш кабуд ё сиёҳ харидорӣ кунанд, ки ин талаботи мактабҳо аст. Худи мактабҳо хостори онанд, ки хонандагонашон аз хонандагони мактабҳои дигари пойтахт фарқ дошта бошанд», - афзуд номбурда.