Раёсати Бозрасии давлатии автомоиблии ВКД Тоҷикистон аз муваққатан маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт рӯзҳои 4-5-уми сентябр дар шаҳри Душанбе огоҳ мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, рӯзи 5-уми сентябр президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифтани маркази савдои «Пойтахт-90» ва рӯзи 6-уми сентябр дар маросими ба истифода додани меҳмонхонаи панҷситорадори «Sheraton», ки аз ҷониби Ҳиндустон ба маблағи 50 млн. доллари ИМА сохта шудааст, иштирок мекунад.

Дар эълони Раёсати БДА зикр мегардад, ки баҳри таъмини бехатарии ҳаракат рӯзи 5 сентябри соли равон аз соати 07:00 то 08:00 дар ҳолатҳои зарурӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи Рӯдакӣ-Шотемур бо хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Ҷ.Икромӣ,  Шевченко, хиёбони С.Шерозӣ, кӯчаи Н.Қарабоев то кӯчаи Ҷанубӣ ва аз соати 08:00 то 09:00 аз кӯчаи Ҷанубӣ, Н.Қарабоев, хиёбони С.Шерозӣ, С.Айнӣ, хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Л.Шералӣ, Турсунзода, Шарқ ва Меҳнат то Маркази савдои «Пойтахт-90» муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Гуфта мешавад, ҳамчунин 6 сентябри соли равон аз соати 17:00 то 18:00 ҳаракати  воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи Рӯдакӣ-Шотемур бо хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи С.Айнӣ то маҳаллаи «Ховарон» дар ҳолатҳои зарурӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад.