Муовини роҳбари ҳайати дипломатии ИМА дар Тоҷикистон Роберт Бёрҷесс дар маросими ифтитоҳи бинои навбунёдшудаи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №19 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ширкат варзид.
Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, бинои нав аз ҳашт синфхона муҷаҳҳаз бо мизҳои мактабӣ ва тахтаи синф иборат аст. Сохтмони муассисаи мазкур аз ҷониби гурӯҳи Сафорат оид ба равобит бо маъмурияти шаҳрвандӣ ва аҳолӣ, ки ба рушди соҳаҳои тандурустӣ ва маориф мусоидат мекунад, маблағгузорӣ гардидаст.
Бинои синфхонаҳо, ки тақрибан 700 толибилмонро фаро мегиранд, ҷузъи ҷудонашавандаи мактаби мазкур ба ҳисоб рафта, аз санаи 1 сентябри соли ҷорӣ дар он машғулиятҳо оғоз гардиданд. Мактаби навбунёд ва иншооти ба он ҳамшафат таҳсилро дар синфхонаҳои дорои таҷҳизоти муосир имконпазир гардонида, зарурияти истифодаи хаймаҳоро, ки қаблан кӯдакон дар онҳо таҳсил мекарданд, аз байн рабуд.
Дар ҳамин ҳол, лоиҳаи барқарорсозии мактаби миёнаи №25 дар деҳаи ба номи Киров, ҷамоати “Заргар”-и ноҳияи Бохтар», дар чаҳорчӯбаи барномаи Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ, моҳи августи соли ҷорӣ бомуваффақ анҷом ёфт. Дар доираи грант ба маблағи 117,261 ҳазор доллари ИМА се бинои асосии мактаб ва бинои варзишгоҳ барқарор шуданд.
Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи лоиҳаи мазкур, ки рӯзи 1-уми сентябри соли ҷорӣ баргузор гардид, раиси ноҳия Бохтар Ҷаббори Ғаффор иштирок варзида, ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирии лоиҳаи мазкур изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳамзамон дар баробари хонандагон ва устодони мактаб дар маросим ҷаноби Такаши Камада, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон низ ширкат варзид.
«То оғози лоиҳа шароити мактаб ба меъёрҳо ва стандартҳои хониш ҷавобгӯ набуд. Ҳангоми боришот аз боми мактаб об мечакид ва баъзе аз синфхонаҳо аз ҷиҳати бехатарӣ ҳатто истифода намешуданд. Дар синфҳои боқимонда фаршҳо ва тирезаҳо дар ҳолати бад қарор доштанд», - омадааст дар маълумоти сафорати Ҷопон.
Зимнан зикр мегардад, ки тариқи лоиҳаи мазкур биноҳои мактаби №25 аз таъмири куллӣ бароварда шуда дар он шароити фароҳам барои донишомӯзӣ барои зиёда аз 700 хонанда омода гардид. Барномаи Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ҳамвора ба дастрас кардани маълумоти босифат равона мешавад, зеро ин пойдевори аслӣ барои тамоми мардум ва дастоварди муҳимест, ки ба рушди миллӣ сабукӣ бахшида ба дастгирии соҳаҳои дигар тақвият мебахшад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста