Дар маҳаллаи «Гулистон-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода «Биржаи меҳнат» барои кироякорон ба фаъолият оғоз намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар ин иншооти навбунед барои кироякорон тамоми шароит мухайё буда, барои сохтмони он 52 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.
«Ҳадаф аз бунёди ин иншоот бо сарпаноҳи доимӣ таъмин намудани кироякорон дар фасли гармову сармо аст. «Биржаи меҳнат» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Абдуҳалимов бунёд ёфта, барои ҷой ва дигар шароитҳои мавҷуда маблағ ситонда намешавад», - омадааст дар хабари мақомоти шаҳрдории Хуҷанд.
Гуфта мешавад, раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми суханронии худ кайд кардааст, ки бо ҷойи корӣ таъмин намудани мардум яке аз вазифаи муҳими давлат ба хисоб меравад, аз ин хотир имсол дар шаҳр 1700 адад ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки Раҷаббой Ахмадзода аз кироякорон даъват намуд, то маърифати шаҳрдориро риоя намуда, тартиботи ҷамъиятиро риоя кунанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста