Дар Рӯзи ҷашни истиқолияти давлатии Тоҷикистон, 9-уми сентябр дар маркази маъмурии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон маросими ифтитоҳи бинои дуошёнаи дафтари кории Ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳия баргузор мешавад.
Раиси ноҳияи Муъминобод Пирмадхон Зарифӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки сохтмони иншооти мазкурро Бунёди Оғо Хон маблағгузорӣ кардааст.
Ба гуфтаи раиси ноҳия, ба ҷуз дафтари кории Асссотсиатсия дар бино ҳамчунин даҳҳо хадамоти хизматгузорӣ низ фаъолият хоҳанд кард.
Зикр гардид, ки рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод ҳамчунин 12 иншооти дигар, аз ҷумла мактаби ибтидоӣ барои 100 нафар хонанда дар деҳаи Боғча (бо маблағгузории корманди бонки пойтахт Амирхон Қурбонов) ва мактаб барои 200 нафар толибилмон (бо маблағгузорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ) низ ба истифода дода мешаванд. «Дар ноҳия ҳамчунин сохтмони варзишгоҳи марказӣ ва Кохи фарҳанг низ идома дорад», - афзуд раиси ноҳия.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста