Дар доираи чорабиниҳои нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, рӯзи 11-уми сентябр барои иштирокдорони нишасти созмон дар толори «Кохи Борбад» таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» консерти пуршукӯҳ доир мегардад.
Зимни кори мизи гирд дар шаҳри Душанбе муовини вазири корҳои дохилии ҶТ Парвиз Давлатзода дар ин робита изҳор намуд, ки консерти мазкур тобишҳои нодири ҳунари ҳар кадоме аз мардуми кишварҳои узви созмонро таҷассум намуда, ба огаҳии бештар аз таърихи куҳан ва фарҳанги якдигар имконият медиҳад.
«Мо бояд ба фаъолияти дарозмуҳлат ва дақиқ оид ба таҳкими асосҳои маънавии ҳамкорӣ дар доираи СҲШ такя карда, тадбирҳои аз лиҳози маънавӣ ва фарҳангӣ наздикшавии мардуми кишварҳо ва болоравии эътимоди тарафайн миёни инсонҳоро таҳия намоем», - иброз дошт муовини вазир.
Дар робита ба нишасти СҲШ дар Душанбе (11-12-уми сентябр) П.Давлатзода ҳамчунин зикр кард, ки ин нишаст пойтахти Тоҷикистонро муддати 2 рӯз ба маркази рӯйдодҳои ҷаҳонӣ ва геополитикӣ табдил медиҳад. Қабл аз нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ҷаласаи навбатии иттиҳоди байнибонкӣ, Шӯрои корӣ ва ҳамоиши тиҷоратӣ баргузор мешавад.
Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки барои инъикоси кори нишаст маркази матбуотӣ таъсис дода шуда, беш аз 500 нафар рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ номнавис шудаанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста