Сохтмони бинои сеошёнаи маҷмаии савдои «Пойтахт-90» дар кӯчаи Сурхоб (наздикии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ) моҳи ноябри соли 2012 оғоз гардид. Фармоишгари иншоот Раёсати сохтмони асосии ҳукумати шаҳри Душанбе ва паймонкори асосӣ – ҶДММ «Строй комплекс» мебошад. Маблағи умумии ҷудошуда аз буҷети шаҳри Душанбе барои сохтмони ин иншоот 202,6 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Барои ба сатҳи байнулмилалӣ ҷавобгӯ будани иншоот аз Туркия низоми ҳавософкуниву масолеҳи сохтмон, мебелу шишгаҳои бузургҳаҷм, аз Чин қандилҳои қариб думетраву навъҳои гуногуни сангҳои ороишӣ, аз Русия сохтори металлӣ барои боми иншоот ва дигар масолеҳу сохтмону лавозимот аз дигар кишварҳои хориҷӣ низ харидорӣ шуда, аз корхонаҳои дохили кишвар низ чанде аз масолеҳи сохтмон истифода шудаанд.
Ғайр аз ин, бинои иншоот бо ҳунари наққошӣ ва ороишоти миллии ҳунармандони тоҷик зебу оро дода шудааст. Боми иншоот бо шакли гумбази секунҷа пурра из шишаи тафсондашуда иборат хоҳад буд, ки аз Туркия оварда шудааст.
Бино аз се ошёна иборат буда, дар онҳо мағозаҳои таъиноти гуногун, тарабхонаву қахвахонаҳо, нуқтаи мубодилаи асъор ва дигар иншооти зарурӣ фаъолият хоҳанд кард. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур 900 нафар бо ҷойи корӣ дар он таъмин мешаванд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншооти таъиноти гуногун дар пойтахти кишвар низ ширкат варзид.
Нахуст сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи маҷмааи корхонаҳо дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳузур дошт, ки аз терминали гумрукӣ, мактаби омодасозии ронандагон, толори варзишӣ, маркази ташхиси техникаи автомобилӣ, чопхонаи бисёр муосиру муҷаҳҳаз ва дигар иншооти зарурии хизматрасонӣ иборат аст.
Ҷамъияти «Фароз» барои бунёди маҷмаа беш аз 100 миллион сомонӣ хароҷот намуда, коргоҳҳоро бо навтарин таҷҳизоти техникӣ таъмин кардааст, ки ҷиҳати ба мизоҷон расонидани хизмати босифату муосир дорои тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ мебошанд.
Аксҳои ҳузури сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи ин иншоот тариқи сомонаи интернетии https://www.flickr.com//photos/79083427@N02/sets/72157647193677306/show/ қобили дарёфт аст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста