Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International (Афви Байнулмилал) аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват кард, ки айбномаҳо нисбати муҳаққиқ Александр Содиқов таъҷилан бекор карда шаванд.
Хабаргузории «Фергана» бо истинод ба Amnesty International (AI) иттилоъ медиҳад, ки муҳлати тафтиши парванда нисбати Александр Содиқов дароз шуда, ба ӯ то ҳанӯз то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.
Пас аз ҳабси 36-рӯза ахири моҳи июл Содиқов таҳти баёноти тарк накардани маҳалли зист озод карда шуд, вале ба Донишгоҳи Торонто (Канада) барои идомаи таҳсил баргашта наметавонад. Ба қавли Мушарраф, ҳамсари Содиқов, шавҳараш аллакай ба имтиҳонҳои моҳи августи донишгоҳ ҳозир шуда натавонистааст.
Ба гуфтаи ӯ, аз замони озод шудани Александр аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ оид ба парвандаи ӯ ҳеҷ маълумоте нагирифтаанд. «Ваъда дода буданд, ки моро аз ҷараёни тафтиш огоҳ мекунанд, вале то ҳанӯз занг ҳам назаданду чизе ҳам нагуфтаанд. То имрӯз айбномаҳо нисбати ӯ бекор нашудааст ва ба иллати он мо намедонем, ки минбаъд чӣ кор кунем, зеро ҳамсарам ба идомаи аҳасил имкон надошта, ман аллакай аз корам дар Канада озод шудам ва ҳамчунин кӯдакамон низ муддати зиёдест, ки ба кӯдакистони он ҷо рафта наметавонад», - мегӯяд Мушарраф.
Адвокати муҳаққиқ Абдуқаюм Юсуфов бо ишора ба махфӣ будани парванда аз шарҳу ифшои ҳама гуна маълумот дар ин хусус худдорӣ варзида, танҳо тасдиқ намуд, ки тафтиш идома дорад ва то замони бекор шудани айбномаҳо нисбати зерҳимояаш, ӯ қаламрави кишварро тарк карда наметавонад.
Ёдрас мекунем, ки санаи 16-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи шаҳри Панҷакент, коршинос оид ба пешгирии низоъҳо ва блогер Александр Содиқов аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба гумони даст доштан дар фаъолияти тахрибкорӣ ба манфиати кишвари хориҷӣ боздошт шуд. А.Содиқов унвонҷӯи докторанти донишгоҳи Торонто (Канада) буда, тибқи қарордод бо донишгоҳи Exeter (Британияи Кабир), рӯи мавзӯи «Нерӯҳои пайдошаванда ва идоракунии низоъҳо дар Осиёи Марказӣ» таҳқиқот анҷом медиҳад.
Ӯ дар шаҳри Хоруғ зимни мусоҳиба бо раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар ВМКБ Алим Шерзамонов боздошт шуда, онҳо оид ба бетартибиҳои рухдода дар шаҳри Хоруғ тобистони соли 2012 суҳбат доштанд.
Ба ҳимояти Александр Содиқов роҳбарони илмиаш, созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Fredoom House, САҲА, донишҷӯён ва хатмкардагони макотиби олии кишварҳои хориҷӣ, ҳамкоронаш ва созмони байнулмилалии «Хабарнигорони бидуни марз» садо баланд карданд.
Amnesty International аз хоҳишмандони кумак ба Содиқов дархост мекунад, ки ба ҷонибдории олими ҷавон нома навишта, аз ҳукумати Тоҷикистон бекор кардани айбномаҳо нисбати ӯ, эҳтиром гузоштан ба озодии изҳори андеша мувофиқи уҳдадориҳои байнулмилалӣ оид ба риояи ҳуқуқи инсон бо шумули моддаи 19-и аҳдномаи байнулмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро даъват намоянд. Номаро метавон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ё забони модарии худ иншо кард.
Тавсия дода мешавад, ки муроҷиатнома то 16-уми октябри соли 2014 ба унвони прокурори генералӣ, вазири корҳои хориҷӣ ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фиристода шавад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста