Нимаи дуюми имрӯз дар Душанбе меҳмонхонаи панҷситорадори «Sheraton» ба истифода дода мешавад.
Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.
Дар робита ба ин Раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД Тоҷикистон шаҳрвандонро огоҳ мекунад, ки аз соати 17-00 то 18-00-и имрӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз гузаргоҳи Рӯдакӣ – Шотемур дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Айнӣ то маҳаллаи Ховарон маҳдуд карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, сохтмони меҳмонхонаи «Sheraton» соли 2005 дар кӯчаи Айнӣ, дар макони собиқ бемористони амрози сироятии шаҳрӣ оғоз гардид. Он аз ҷониби ширкати «CHL International» Ҳиндустон дар майдони 24,440 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Меҳмонхонаи «Sheraton» аз 15 ошёна, аз ҷумла ду ошёнаи зеризаминӣ иборат буда, барои бунёди он 55 млн. доллари ИМА харҷ шудааст.
Меҳмонхона барои қабули 179 нафар меҳмонон бо 147 ҳуҷраи зист, аз ҷумла 1 ошёнаи президентӣ, 3 тарабхона, 2 толори ҷашну қабул, ҳавзҳои оббозӣ (бассейнҳо), саунаҳо ва қаҳвахонаҳои гуногун муҷаҳҳаз аст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста