Дар шаҳри Красноярски Русия ихтиёриён барои ҷарроҳии тифли навзоди якмоҳа аз Тоҷикистон маблағи пулӣ ҷамъоварӣ мекунанд.
Бино ба маълумоти хабаргузории НГС. Новости , Марям Сафароваи 1-моҳа рӯзи 5-уми сентябр аз бемористони №20-и шаҳр ба шуъбаи эҳёгарии маркази ҷарроҳии дилу раг барои кӯдакон гузаронида шудааст.
«Вазъи солимии кӯдак дар ҳоли бадшавӣ қарор дошта, барои наҷоти ҳаёти тифл анҷоми ҷарроҳии дили ӯ зарур аст, ки арзишаш 1,2 млн. рублро ташкил медиҳад», - менависад хабаргузорӣ.
Гуфта мешавад, волидайни тифл шаҳрвандони Тоҷикистон буда, барои кор ба шаҳри Красноярск омадаанд, аз ин рӯ, аз ҳисоби буҷет гузаронидани ҷарроҳӣ барои кӯдак имкон надорад.
Ихтиёриёнро хабарнигори НГС рӯзи 6-уми сентябр дар гузаргоҳи назди маркази телевизиону радиои «Планета» мушоҳида кардааст. Онҳо бо шиору овезаҳои ҳикояткунандаи таърихи духтарча рост истода, барои ҷалби таваҷҷуҳ аз филмҳои тасвирӣ сурудҳо мехондаанд.
Зикр мегардад, ки ихтиёриён аз роҳгузарон даъват мекардаанд, ки барои ҷамъоварии мбалағ ба онҳо ҳамроҳ шуда, рост биистанд ва чанде даъвати онҳоро пазируфтаанд. Аз рӯи мушоҳидаҳои хабарнигор, роҳгузарон ба қуттии хайрия пулҳои арзишашон 50 ва 100-рублӣ мепартофтаанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста