Рӯзи 6 сентябри соли 2014 дар яке аз толорҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия маросими ифтитоҳи курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ бо иштироки фаъолони диаспораи тоҷик дар кишвари иқомат барпо гардид.

Бино ба иттилои сафорати ҶТ дар Белгия, ҳадаф аз ташкили курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ барои аъзои диаспораи тоҷик ва хориҷиён ин ташвиқу тарғиб ва ҳифзи забони тоҷикӣ, таърих, фарҳанг, санъат ва дигар унсурҳои асосии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии миллати тоҷик мебошад.

Гуфта мешавад, қаблан чандин шаҳрвандони Белгия, кормандони сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, васоити ахбори оммаи аврупоӣ ва ташкилотҳои байналмилаливу минтақавии муқими Брюссел бо рағбати омӯзиши забони тоҷикӣ ба Намояндагии дипломатии Тоҷикистон муроҷиат карда буданд.

Зикр мегардад, ки дар бинои Намояндагӣ толори хурду бузург бо мизу курсиҳо, оинаи нилгун ҷиҳати намоиши филмҳои гуногуни мавзӯӣ, китобу матолиби дахлдор барои гузаронидани курсҳои мазкури забонӣ дар сатҳи зарурӣ вуҷуд доранд.