Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел дар якҷоягӣ бо роҳбарияти ширкати сайёҳии Шоҳигарии Белгия «Desti Travel» дар идораи марказии он маросими муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистонро баргузор намуд.

Бино ба иттилои сафорати ҶТ дар Белгия, дар чорабинии номбурда роҳбарон ва намояндагони як қатор ширкатҳои бонуфузи сайёҳии Шоҳигарии Белгия ва воситаҳои ахбори умуми кишвари иқомат иштирок намуданд.

Дар оғоз сафири Точикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев роҷеъ ба имконоти сайёҳии ҷумхурӣ,  фарҳанг ва ва таърихи тоҷикон ахбори муфассал пешниҳод кард. Ӯ иштирокчиёнро ба ҷалби сармоя ба инфрасохтори туристии кишвар даъват намуд. Пас аз суханронӣи филм оид ба имконоти туристии Тоҷикистон, лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон, китобҳо, брошюраҳо ва дигар мавод бахшида ба соҳаи туризми ҷумҳурӣ, фарҳанг, ҷойҳои таърихӣ ва манзараҳои дидании мамлакат ба манзури ҳозирон пешкаш гардид.

 Дар идораи марказии ширкати “Desti Travel” гӯшаи махсус таҳти унвони «Туризм, фарҳанг ва таърихи Тоҷикистон» созмон дода шуд, ки дар он маводи мухталиф бахшида ба имконоти сайёҳӣ, фарҳанг ва таърихи ҷумҳурӣи оварда шудааст.