Анонс
- Соати 11:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг барои намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (11-12 сентябри соли 2014), сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ (9-11 сентябри соли 2014) ва сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин (11-14 сентябри соли 2014) доир мегардад. Ба брифинг намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ даъват карда мешаванд. Зимни брифинг инчунин маводҳо роҷеъ ба Ҷаласа ва сафарҳои мазкур ва бейджҳо дастрас карда мешаванд.
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.9704 сомонӣ;
1 евро - 6.4165 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1348 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
Рӯзи байнулмилалии саводнокӣ.
Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии рӯзноманигорон.
2001 – Дар Душанбе бар асари амали террористӣ вазири фарҳанги ҶТ Абдураҳим Раҳимов ба ҳалокат расид.
2006 — Дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ нерӯгоҳи оби барқии «Пшихарв» ба истифода дода шуд.
1912-1984 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Николай Лепник-Мировский.
1944 – Мавлуди муаррих Ғолиб Ғолибов.
1959 – Зодрӯзи оҳангсоз ва сарояндаи эстрада Далер Назаров.
1959 – Мавлуди журналист Абдулҷон Ҳасанов.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, 7/09 дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +23+28.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, 7/09 дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +26+31.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +10+15, рӯзона +28+33; дар шарқи вилоят шабона -3+2, рӯзона +11+16.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +33+35.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +33+35.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +31+33.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +28+30.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста