Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон рӯзноманигорни тоҷикро ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон табрик гуфт.
Дар паёми шодбошии дар ин робита интишоршудаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон зикр мегардад, ки бо қарори Конгресси 4-уми Созмони байналмилалии журналистон аз 8 сентябри соли 1958, мабнӣ ба гиромидошти хотираи публитсисти зиддифашисти чех Юлиус Фучик таҷлил мегардад ва бо тасмими СММ аз охири асри гузашта Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон унвон гирифтааст.
«Бо пиндори муассисони ин сана, рӯзноманигорони тамоми кишварҳои ҷаҳон дар маҳфилу нишастҳои ихтисосии Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон бояд дар амри дифоъ аз ҳуқуқҳои касбӣ табодули афкор намоянд, сабақу таҷоруби ҳосилшударо дар роҳи талошу пайкор баҳри таъсиргузорӣ ба равандҳои рушди босубот, озодию ободии ҷомеа ба ҳам бубинанд, дар нисбати устувор гардонидани нақш ва мавқеи журналистикаи хушсифат ҳамраъйии хешро изҳор доранд», - омадааст дар паём.
Гуфта мешавад, дар шароити кунунии ҷаҳонигароӣ, дар пасманзари таҳдидҳои зуҳуроту падидаҳои номатлуб ба ҷомеаҳои осебпазир, дар шароите, ки фазои иттилоотӣ торафт садднописанд шудан дорад, иҷрои вазифаҳои мусоидат ба суботи ҷомеа, ба рушду такомули давлатдорӣ ва пойдории фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳамзамон бо дифоъ ва истифода аз ҳуқуқи озодии баён ва матбуот, аз ҷомеаи журналистӣ ҳамраъйии бештари касбӣ тақозо менамояд.
«Мусаллам аст, ки ҳамраъйии воқеии касбӣ ба заминаи муҳимтарини он - пайравӣ аз усулҳои бунёдии журналистика, ба мисли ҳақиқатнигорӣ, воқеъбинӣ, адолатпешагӣ, таҳаммулпазирӣ, бояд асос ёбад. Ба ин маънӣ, падидаҳои ҳамраъйии журналистони тоҷик дар инъикосу баррасии бештари масоили доғи ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ боиси сутуданист». – изҳор мегардад дар паём.
Зимнан зикр мегардад, ки вале ҳамзамон зуҳуроти номатлуберо ҳам ба мисли чашмпӯшӣ аз воқеияти рӯз, ситоиши ноҷо, паст задани шаъну эътибори инсон, риоя накардани принсипи «эҳтимоли бегуноҳӣ», дар матолиби матбуоти даврӣ, барномаҳои радиову телевизион ва сомонаҳои интернетӣ, набояд нодида гирифт, ки журналистон ва кормандони ВАО бархилофи принсипҳои касбӣ, ба хотири манфиатҳои маҳдуди идоравию ҳизбӣ, гурӯҳиву хусусӣ роҳ медиҳанд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста