Аз замони оғози фаъолияти радиои «Азия-Плюс» 12 сол пур мешавад. Дар таърихи 9-уми сентябри соли 2002 дар эфир мавҷҳои нахустини он садо доданд. Давоми 12 сол радиои «Азия-Плюс» писанди миллионҳо шунавандагон гардида, диапазони пахши барномаҳои худро то ба минтақаи шимолу ҷануби кишвар густариш дод.
Имрӯз аз субҳ дӯстон ва шарикони радиои «Азия-Плюс» ба дафтари кории радио омада, кормандони онро табрик мегӯянд. Дар барномаҳои имрӯза аллакай табрикоти Парвин Юсуфӣ, гурӯҳи «Авеста» ва дигарон садо доданд.
Қобили зикр аст, ки моҳи апрели соли 2012 пахши барномаҳои радио дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз гардид. Дар минтақаи ҷануб пахши барномаҳои радио тавассути ҳамон басомади дар пойтахт мавҷуда – 107 FM сурат мегирад. Аз 14-уми августи соли 2013 дар қаламрави вилояти Суғд пахши барномаҳои радиои «Азия-Плюс» дар диапазони FM дар басомади 104.4 Mhz шурӯъ шуд.
Радиои ASIA-Plus - нахустин радиои мустақили Душанбе мебошад. Радио 9-уми сентябри соли 2002 дар мавҷи 107 FM садо дода, 24 соат дар шабонарӯз ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашрҳои хабарӣ ва барномаҳои гуногун пахш мекунад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста