Дар пойтахти Тоҷикистон боз як гулгашти нав пайдо шуд. Он дар рӯбарӯи қароргоҳи ҳукумат дар шаҳри Душанбе, дар хиёбони Рӯдакӣ воқеъ аст.

Бино ба иттилои як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт, барои сохтмони он аз буҷети шаҳр беш аз 6 млн. сомонӣ маблағ харҷ шудааст.

Сардори Сарраёсати шаҳрсозӣ ва меъмории шаҳри Душанбе Қудратулло Файзуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин гулгашт мувофиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе бунёд гардида, барои сайругашти донишҷӯён пешбинӣ шудааст, зеро каме дуртар Донишгоҳи тиббӣ ва Донишгоҳи аграрӣ ҷойгир шудаанд. «Мо ин гулгаштро барои сайругашту истироҳати донишҷӯён дар вақти фориғ аз дарсҳо бунёд кардем», - қайд кард Файзуллоев.