Ба ифтихори 23-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ мутобиқ ба анъаноти худ шаҳрдории Душанбе як зумра шаҳрвандонро аз категорияҳои низёманди шаҳр бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо қарори раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев ба 106 нафар маъюбон ва иштирокчиён Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, панҷ нафар ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида ва 3683 нафар кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр – 900 сомонигӣ, 326 нафар оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд, 3 нафар муҳосирабудагони шаҳри Ленинград ва 1262 нафар оилаҳое, ки дар онҳо аз ду нафар зиёд маъюб зиндагӣ мекунанд ба ҳар кадом ба андозаи - 700 сомонӣ ва ба 70 нафар шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар акибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, 253 нафар шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, 112 нафар маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), 74 нафар маъюбони рафъи садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва 280 нафар кормандони сохторҳои кабудизоркунӣ - 500 сомонӣ барои расонидани кӯмакпулии яквақта ҷудо карда шуда, маблағи умумии аз буҷети шаҳр ҷудогардида бо ин мақсад 4 млн. 973 ҳазору 800 сомониро ташкил дод.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ ба 6 ҳазору 276 нафар сокинони пойтахт кумаки якдафъаинаи пулӣ расонида шуд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста