Анонс

- Соати 10-00 вохӯриии расмии сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеи кишварҳо доир мегардад;

- Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунин бо Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ва соати 16-30 бо Сарвазири Тоҷикистон дидору гуфтушунид мекунад;

- Соати 18-00 дар Душанбе мулоқоти сеҷонибаи сарони икшварҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон баргузор мешавад.  

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.9704 сомонӣ;

1 евро - 6.4165 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1348 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

2008 — Дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент дар доираи таҷлили ҷашни 1150-солагии асосгузори адабиёти классикиии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими пуршукӯҳи ифтитоҳи оромгоҳи шоир баргузор шуд.

2009 — Дар Душанбе маросими муаррифии китоби президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то сомониён» бо забони ҳиндӣ доир гардид.

2010 – Дар Тоҷикистон пулҳои арзишашон 3, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот бароварда шуданд.

1933 – Зодрӯзи доктори улуми биологӣ Усмон Мамадқулов.

1935 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Назришо Сӯфиев.

1936 – Зодрӯзи шоир ва драматург Зариф Ибод.

1939-1984 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мастибек Паллаев.

1945 – Зодрӯзи ҳуқуқшинос Бобоҷон Бобохонов.

1947 – Мавлуди ҳунарпешаи балет Татяна Холова.

1948 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон ва арбоби давлатӣ Иброҳим Усмонов.

1953 – Мавлуди доктори улуми кишоварзӣ Толиб Набиев.

1967 – Зодрӯзи рӯзноманигор Абдуқаюми Қаюмзод.

1971 – Мавлуди журналист Рухсораи Нур.

1973 – Зодрӯзи журналист Хуршед Ниёзов (Хуршеди Атовулло).

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +26+31.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +9+14, рӯзона +27+32;  дар шарқи вилоят шабона -1+4, рӯзона +11+16.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +30+32.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +28+30.