Дар робита ба баргузории нишасти Созмони ҳамкории Шанхай ва чорабиниҳои марбут ба он дар шаҳри Душанбе, бозорҳои «Саховат» ва «Корвон»-и пойтахт муваққатан баста мешаванд.

Роҳбари Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти шаҳрдории Душанбе Сайфулло Амонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки сабаби муваққатан боздоштани фаъолияти ин бозорҳо дар он аст, ки хатсайри равуои меҳмонони воломақом дар ин рӯзҳо аз наздики бозорҳои мазкур мегузарад.

Рӯзи 13-уми сентябр сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо меҳмонони дигар ҷиҳати иштирок дар маросими расмии оғози сохтмони лӯлаи интиқоли гази «Осиёи Марказӣ – Чин» ба ноҳияи Рӯдакӣ раҳсипор мешаванд.

«Бозори «Саховат» танҳо рӯзи 13-уми сентябр ва бозори «Корвон» рӯзҳои 12-13-уми сентябр баста мешавад», - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Амонов, бозори «Корвон» рӯзи ҷумъа низ баста хоҳад буд, зеро тамоми кормандони милисае, ки тартиботи ҷамъиятӣ дар бозорро назорат мекарданд, ба тадбирҳои таъмини амният дар рӯзҳои кори нишасти СҲШ ҷалб шудаанд.