Анонс

- То соати 13-00 ҷиҳати иштирок дар нишасти СҲШ ба Душанбе ташриф овардани сарони кишварҳои узви созмон – Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев, Алмазбек Атамбоев, Ислом Каримов, Си Ҷинпин ва ҳамчунин сарони кишварҳои нозири созмон – президентони Муғулистону Афғонистон, меҳмони махсуси нишаст – президенти Туркманистон дар назар аст. Нахуствазири Покистон ва вазири корҳои хориҷии Ҳинлустон низ ба Душанбе меоянд;

- Дар Кохи Борбад ба муносибати оғози кори нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» барномаи консертӣ намоиш дода мешавад, ки дар он беш аз 800 ҳунармандон иштирок мекунанд;

- Дар доираи сафари расмӣ ба Тоҷикистон президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ соати 10-и субҳ бо намояндагони аҳли илми Тоҷикистон мулоқот мекунад. Вохӯрӣ дар Академия илмҳои Тоҷикистон доир мегардад. 

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.9840 сомонӣ;

1 евро - 6.4251 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.134 4 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1929 – Ҳаракати қатораҳо тавассути роҳи оҳани Душанбе-Тирмиз оғоз гардид.

1933 – Нахустин корхонаи коркарди металли саноати Тоҷикистон – корхонаи механикии ба номи Орҷоникидзе ба истифода дода шуд.

2001 – Ҳуҷуми террористон ба ИМА. Ин рӯз дар саросари ҷаҳон маҳз бо ин ном – «то» ва «пас аз 11-уми сентябр» ёдоварӣ мешавад.

2012 — Шабакаи телевизионии давлатии «Шабакаи аввал» ба пахши шабонарӯзии барномаҳо оғоз кард.

1911-1997 – Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Сотим Улуғзода.

1932 – Мавлуди коргардони кино, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Сайфулло Ҷӯрабоев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +26+31.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +8+13, рӯзона +26+31;  дар шарқи вилоят шабона -1+4, рӯзона +13+18.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +30+32.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +27+29.