Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, имрӯз - 13 сентябри соли равон аз соати 08:30-дақиқа то 10:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи Рӯдакӣ-Карамов то Рӯдакӣ-Бухоро муваққатан мaҳдуд карда мешавад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, аз соати 15:30-дақиқа то 16:30-дақиқа аз кӯчаҳои Шоҳтемур, Шероз, хиёбони Исмоили Сомонӣ, Ҳофизи Шерозӣ аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то Ҳофизи Шерозӣ-Рӯдакӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт мaҳдуд карда мешавад.
Инчунин аз соати 16:30-дақиқа то 17:30-дақиқа ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Саъдии Шерозӣ, кӯчаи Неъмат Қарабоев то маҳаллаи Кирови (Оби Шифо)-и ноҳияи Рӯдакӣ мaҳдуд карда мешавад.
Аз соати 19:00 то 21:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Исмоили Сомонӣ аз Рӯдакӣ то Сино ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт пурра манъ карда мешавад.
Рӯзи 14-уми сентябр аз соати 10:30-дақиқа то 11:40-дақиқа ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз кӯчаҳои Рӯдакӣ-Карамов то фурудгоҳ, кӯчаи Мастонгулов муваққатан мaҳдуд карда мешавад.
Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки дар сурати зарурияти ҷиддӣ надоштан, ҳаддалимкон аз истифодаи нақлиёт дар рӯзҳои номбурда худдорӣ намоянд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста