Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ намояндагони воситаҳои ахбори умуми Ҷумҳурии Мардумии Чинро барои мусоҳиба ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ар мусоҳиба, аз ҷумла хабарнигорон аз агентии иттилоотии Синхуа, рӯзномаи Женмин Жибао, телевизиони марказии Чин (CCTV), радиои байналмилалии Чин ва дигар расонаҳои ин давлат, ки аксараш нуфузи ҷаҳонӣ доранд, ширкат доштанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон ба суолҳои сершумори онҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Чин, ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, авзои минтақа ва ҷаҳон посух дод.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиши душанбегии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай, сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон, ки имрӯз ҷараён дорад ва санадҳои сершуморе, ки ба имзо мерасанд, ба рушду нумуи муносиботи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвари ҳамсоя такони ҷиддӣ мебахшанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста