Ҳамсари раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Пэн Лиюан, ки Си Ҷинпинро дар сафари нахустини давлатиаш ба Тоҷикистон ҳамроҳӣ дорад, чанде қабл ҳамроҳи муовини нахуствазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон боздид намуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати фарҳанги ҶТ хабар дод, бонуи аввали Чин бо шароити таҳсили донишҷӯёни консерватория ва асбобҳои миллии тоҷикии мусиқӣ шинос шуда, толибилмони ин муассисаи таълимӣ барои Пэн Лиюан барномаи консертӣ намоиш додаанд.
Пэн Лиюан соли 1962 дар музофоти Шандун ба дунё омада, овозхони маъруф ва писандидаи мардуми Чин аст. Соли 1985 ба узвияти Ҳизби коммунисти Чин пазируфта шуда, ба ҳайси роҳбари ансамбли суруду рақси Сарраёсати Артиши миллӣ-озодихоҳии Чин фаъоляит намудааст. Адъюнкт-профессори Донишгоҳи Пекин мебошад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста