Рӯзи 16-уми сентябр дар шаҳри Душанбе конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон» дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон» баргузор мешавад.
Созмондиҳандагони конфронс Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF), Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак», Намояндагии Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ (PRI) ва Комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак мебошанд.
Бино ба натоиҷи мониторинги муштараки ҳуқуқҳои кӯдак, ки Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, PRI ва Маркази ҳуқуқи кӯдак гузаронидаанд, зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҳалталаб аст. Дар баробари мусоидат ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, лоиҳа ба он равона шудааст, ки дар навбати аввал истифодаи ҳабси ҷудогонаи кӯдакон дар муассисаҳои пӯшида қатъ гардида, ба нигаҳдории якҷои кӯдакону калонсолон роҳ дода нашавад.
Тибқи иттилои Маркази ҳуқуқи кӯдак, д ар ҷараёни конфронс коршиносон аз Норвегия, Бритониёи Кабир, Қазоқистон ва Қирғизистон мушоҳидаҳои худро оид ба вазъи муассисаҳои пӯшидаи кӯдакона иброз дошта, ҳамчунин дар мавриди беҳбуд ва такмили низоми танбеҳҳои интизомӣ нисбат ба кӯдакон тавсияҳо пешниҳод мекунанд.
Дар доираи лоиҳа меъёрҳои байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба қонунгузории миллӣ ворид гардида, ба кӯдаконе, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд, кӯмаки ҳуқуқӣ таъмин карда мешавад, ҳамчунин барномаҳои таълимӣ барои кормандони муассисаҳои пӯшидаи кӯдакона роҳандозӣ шуда, барномаи тавонбахшии равонии кӯдаконе, ки аз хушунату зӯроварӣ осеб дидаанд, таҳия мегардад.
Имрӯз дар Тоҷикистон кӯдаконе, ки ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ додаанд, дар муассисаи тарбиявӣ, муассисаи занона, Мактаби махсуси ҷумҳуриявии №1 барои кӯдакони рафторашон ғайримаъмулӣ, инчунин Литсеи ҷумҳуриявии касбию техникии №1 нигаҳдорӣ мешаванд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста