Гусели зойирин барои анҷоми фаризаи Ҳаҷ аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (ФБД) рӯзи 14-уми сентябр шурӯъ гардида, то 29 сентябр идома хоҳад кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, фурудгоҳи Душанбе имсол ба 34 рейсҳои мерафта ва меомадаи ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» хизмарасонӣ хоҳад кард.
Ба иттилои ӯ, дар фурудгоҳи Душанбе барои зоирин шароити хуб муҳайё буда, гузаштан аз назорати сарҳад, гумрук ва тартиби номнависии зоирин ва муоинаи пеш аз нишаст ба ҳавопаймо муташаккилона мебошад.
Зимнан зимкр гардид, ки толори парвоҳои маҳаллӣ барои зиёраткунандагон муҷаҳҳаз шуда, шароити овардани таҳорат, гузоридани намоз, истифодаи оби гарм, чой ва қаҳва фароҳам аст.
Бино ба иттилои Кумитаи дин, дар назар аст, имсол аз ҷумҳурӣ 6 ҳазору125 нафар ба зиёрати хонаи Худо сафар намоянд, аз ин шумора 3ҳазору 292 нафар аз фурудгоҳи Душанбе парвоз хоҳанд кард.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста