Миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  музди меҳнати номиналии пасттарин дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора дар «Нишондиҳандаҳои асосии омори иҷтимоӣ-демографӣ оид ба музди меҳнат дар моҳи июни соли 2014» , ки аз ҷониби Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ омода шудааст, маълумот дода мешавад.

Гуфта мешавад, моҳи июни соли ҷорӣ сатҳи музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон 918 сомонӣ (тақрибан 180 $)-ро ташкил дода, дар муқоиса бо аввали сол музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон ба миқдори 104 сомонӣ (каме бештар аз 20 $) афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ, моҳи июни соли равон сатҳи бештар баланди музди меҳнати миёна  дар Русия (ҳудуди 900 $) ба қайд гирифта шуда, зинаи дуюмро Қазоқистон  (690 $) ва мақоми сеюмро Беларус (590 $) ишғол кардаанд.

Тибқи маълумоти мазкур, моҳи июни соли ҷорӣ музди меҳнати миёна дар Озарбойҷон – 568, Арманистон – 408, Молдова – 294, Украина – 277 ва Қирғизистон – 236 доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Дар бораи музди меҳнати миёнаи моҳона дар Туркманистну Ӯзбекистон маълумот дода нашудааст.