Дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» сарояндаи маъруфи Тоҷикистон Нигина Амонқулова маълумоти дар чанде аз ВАО-и Тоҷикистон интишоршуда дар бораи ба рӯяш пошидани кислота ва дар бемористон дар ҳолати вазнин қарор доштанашро рад кард.
«Вазъи ман хуб аст, ҳамаи ин овоза мебошад. Рӯзҳои баргузории нишасти СҲШ ва консерт бахшида ба он барои сабти сурудҳо вақти кам доштам. Маҳз барои ҳамин ин замон дар студияи Кумитаи телевизион ва радио ба сабти сурудҳоям машғулам», - рӯҳбаландона гуфт тариқи телефон Нигина Амонқулова.
Дар робита ба паҳн шудани чунин овозаҳо дар матбуоти тоҷик ӯ зикр кард: «Атрофи шахсони маъруф овозаҳои зиёд вуҷуд доранд ва ин хуб аст».
«Аз ин гуна овозаҳо ман нигарон намешавам ва фикр мекунам ки инҳо душманонам ҳам нестанд. Гап сари он аст, ки атрофи сарояндаҳо ҳамеша афоснаҳо мебофанд», - гуфт ӯ.
Беҳрӯз Зеваров, дӯсти оилаи Нигина Амонқулова ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки аз субҳ ба ӯ аз ВАО-и гуногуни Тоҷикистон занг мезананд, то ки аз воқеияти ин маълумот огаҳӣ пайдо кунанд. «Вазъи солимӣ ва ҳама корҳои Нигна хубанд. Ӯ ба эҷод машғул буда, он чизе, ки менависанд танҳо овозае беш нест», - гуфт номбурда.
Бино ба маълумоти сомонаи Pressa.tj бо истинод ба манбаи муътамад, рӯзи чоршанбеи ҳафтаи гузашта пас аз баромад дар барномаи фарҳангӣ, ки ба меҳмонони СҲШ бахшида шуда буд, Нигина аснои дубора барои либосивазкунӣ ба Хонаи радио, ки он ҷо ҳамчунин ансанбли овозадори “Дарё” фаъолият мекунад, омада, либос иваз карда, ба хонааш раҳсипор мешавад. Аз баромадгоҳи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон ( Хонаи радио) ба рӯйи Нигина Амонқулова шахсони номаълум ба кислотаи шакли моеъ (об) пошида, ба самти номаълум гурехтаанд. Айни замон бошад, Нигина Амонқуллова дар ҳолати вазнин дар беморхонаи пӯсти шаҳри Душанбе қарор доштааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста