Мақомоти шаҳрдории Душанбе хатсайрҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ ба самти маҷмааи савдои «Пойтахт-90»-ро, ки аввали ҳамин моҳ бо иштироки сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифт, омода мекунад.
Котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шакавт Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамчунин масъалаи дароз шудани масофаи роҳи баъзе хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ то маҷмааи мазкур мавриди омӯзиш қарор дорад.
«Бо супориши раиси пойтахт, дар маҷмааи савдои «Пойтахт-90» ҳамарӯза ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбатан арзонтар дар муқоиса бо бозорҳои шаҳр гузаронида мешаванд», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки мақомоти шаҳрдорӣ то ҳол директори маҷмааи савдои «Пойтахт-90»-ро таъин накарда, аз азмони ба истифода додани он раҳбарии маҷмаа бар дӯши маъмурияти мақомоти шаҳрдорӣ вогузор шудааст.
Маҷмааи савдои «Пойтахт-90» аз се ошёна иборат буда, дар онҳо мағозаҳои таъиноти гуногун, тарабхонаву қахвахонаҳо, нуқтаи мубодилаи асъор ва дигар иншооти зарурӣ фаъолият хоҳанд кард. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур 900 нафар бо ҷойи корӣ дар он таъмин мешаванд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста