Шаҳрвандони кишвар муддати боз ду-се моҳи дигар наметавонанд аз «Кохи Наврӯз», ки дар он рӯзҳои 11-12-уми сентябр чорабиниҳои нишасти СҲШ доир гардиданд, боздид намоянд.

Кормандони милисаи посбони бино ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуданд, ки ояндаи наздик дар ин ҷо боз як қатор чорабиниҳои сатҳи давлатӣ баргузор мешавад ва сипас он барои тамошои шаҳрвандон дастрас хоҳад буд.

«Кохи Наврӯз» аз 12 толор иборат аст. Дар ин ҷо супермаркет, толори саққобозӣ (билярд), диско-клуб, кинотеатр, толори фарҳангӣ, толори қабулу зиёфат, толори сангӣ бо кандакорӣ, толори гаҷкорӣ бо оинаҳо ва ду толори қабули меҳмонони воломақом ҷойгир аст. Кох дар як вақт метавонад 3 ҳазору 200 нафар меҳмононро қабул кунад.

Корҳои ороишоти кох аз ҷониби устоҳои маҳаллӣ бо услуби миллӣ анҷом дода шуда, атрофи кохро боғи сарсабз иҳота мекунад. Баландии бинои марказӣ 46 метр буда, майдони умумии «Кохи Наврӯз» ҳудуди се гектарро ташкил медиҳад.

Нахуст ифтитоҳи «Кохи Наврӯз» соли 2012 ба нақша гирифта шуда, ҳамчун чойхона лоиҳакашӣ шуда буд, ки бояд дар минтақа чойхонаи бузургтарин маҳсуб меёфт.

Дар ҳамин ҳол, дар сохторҳои расмии дахлдор алҳол гуфта наметавонанд, ки акнун ин иншоот чӣ гуна мақом мегираду кай сокинони кишвар аз тамошои он баҳра бурда метавонанд.