Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз фарорасии обуҳавои ноуствуор дар ҷумҳурӣ давоми ду шабонарӯзи оянда маълумот медиҳад.

Дар маълумоти обуҳавошиносони тоҷик қайд мешавад, ки рӯзҳои 19-20-уми сентябр дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар буда, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ раъду барқ ва борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад.

«Суръати вазиши шамол аз самти ғарб баъзан то 15-20 метр дар як сония пурзӯр шуда, дар ноҳияҳои ҷудогонаи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ чангу ғубор мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар саросари ҷумҳурӣ – 5-6 ва дар вилояти Суғд - то 10 дараҷа поин меравад», - зикр мегардад дар маълумот.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 19-уми сентябр ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе шабона 12-14 дараҷа гарм ва рӯзона 27-29 дараҷа гарм шуда, рӯзи 20-уми сентябр ҳарорат шабона то 11-13 дараҷа гарм ва рӯзона 27-29 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.