Дар ноҳияи Ҳисор корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор суръати бештар касб мекунанд. Таҷлили ин ҷашн расо баъди як сол – моҳи сентябри соли 2015 доир мегардад.
Бино ба маълумоти расида аз ҳукумати ноҳияи мазкур, ба ифтихори ҷашни Ҳисор бунёди беш аз 240 иншооти нав пешбинӣ шудааст, ки то имрӯз 17-тоаш барои истифода омода буда, сохтмони боз 19 иншооти дигар дар арафаи анҷомёбист.
Тибқи маълумот, сохтмони варзишгоҳи марказии Ҳисор бо 20 ҳазор ҷойи нишаст моҳи сентябри соли гузашта оғоз гардида, феълан бештар аз 60 дарсади корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти ҷашнӣ ба итмом расидааст. Маҳз дар ҳамин варзишгоҳ чорабиниҳои асосии ҷашнӣ доир мегарданд.
Зикр гардид, ки ин варзишгоҳи боҳашамат дар масоҳати 20 гектар сохта шуда, барои бунёди он 38 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ ҷудо шудааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста