Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар бораи қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба таҳсил дар мактабҳои олии Туркманистон дар соли хониши 2014-2015 фармон ба имзо расонид.
Бино ба маълумоти торнамои Turkmenistan.ru, мутобиқи ин санад, ба Вазорати маорифи Туркманистон дастур дода шудааст, ки ба курсҳои яксолаи омӯзиши забони туркманӣ дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ин кишвар таври ройгон 30 нафар шаҳрвандони Афғонистон қабул карда шаванд.
«Ҳамчунин барои таҳсил тариқи ройгон дар муассисаҳои таълимии Туркманистон 10 шаҳрванди Тоҷикистон, 4 шаҳрванди Чин ва 1 шаҳрванди Эрон низ қабул мешаванд. Боз ду шаҳрванди Афғонистон дар Туркманистон пулакӣ таҳсил мекунанд», - зикр мегардад дар маълумот.
Гуфта мешавад, дар доираи иҷрои фармони мазкур Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба роҳаброни вазорату идораҳои дахлдор дастур додааст, ки таҷрибаи қабули шаҳрвандони хориҷӣ барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии кишварро густариш дода, таъмини шароити мусоиди будубош ва таҳсили онҳоро таҳти назорат гиранд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста