Дар Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ (ВДНХ)-и шаҳри Маскав ҳайкали «Гражданин Таджикистана, укладывающий плитку» (Шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми гузоштани тахтасанг) қомат меафрозад. Дар ин бора хабаргузории Smixer.ru иттилоъ медиҳад.
Дар Департаменти осори фарҳангии шаҳр ин қарорро ба хабаргузорӣ чунин манънидод кардаанд, ки ин дархости маскавиҳо оид ба эҳтиром гузоштан нисбати корманди оммавии бахши хоҷагидории шаҳр аст.
«Муддати чандин солҳост, ки коргарони тоҷик дар ободонӣ ва сабзу хуррам гардонидани шаҳри Маскав фаъолона саҳмгузоранд. Онҳо дар сохтмони бинову иншоот ва бахши роҳсозии пойтахт машғули коранд», - иттилоъ дода мешавад бо такя ба Департамент.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати хабаргузорӣ, сокинони шаҳр аз меҳмонони Осиё барои корашон хеле миннатпазиранд ва чанде қабл гурӯҳи ташаббускори сокинони шаҳри Маскав пешниҳод намудаанд, ки ба коргари қатории тоҷик ҳайкал гузошта шавад. «Шаҳр пешниҳоди онҳоро ҷонибдорӣ кард», - хабар додаанд аз Департамент.
Ангора (эскиз)-и ҳайкал аллакай дар Галереяи ҳунари Зураб Серетели таҳия шудааст. Пешбинӣ мегардад, ки дар он коргари дорои симои тоҷикӣ ҳангоми гузоштани тахтасанг ба пиёдараҳа дар шаҳр тасвир меёбад. Гуфта мешавад, ҳайкали биринҷии коргари тоҷик аллакай моҳи ноябри соли равон қомат хоҳад афрохт.
Дар ҳамин ҳол, моҳи феврали соли ҷорӣ дар торнамои даъватҳои ҷамъиятии Avaaz барои дар шаҳри Душанбе қомат афрохтани ҳайкали муҳоҷири корӣ ҷамъоварии имзоҳо оғоз гардида буд. Даъвати мазкур ба ҳукумат ва парлумон ирсол мегардад. Он аз номи як шаҳрванди Тоҷикистон Исфандиёр нашр шудааст.
Мақсади худро Исфандиёр бо ин далел шарҳ медихад, ки дар Тоҷикистони муосир маҳз муҳоҷири корӣ аз ҳама бештар ба гузоштани ҳайкал шоиста аст. Ба андешаи ӯ, беш аз миллион нафар муҳоҷирони корӣ дар Русия кор карда, ба аҳли олиаашон маблағи пулӣ мефиристанд, ки ба нисфи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст.
«Дигар дар ягон кишвари дунё чунин ҳолат ҷой надорад. Бидуни маблағҳои пулии онҳо миллионҳо нафар дар кишвар гуруснагӣ мекашиданд. Комилан имкон дошт, ки ин ба муташанниҷии вазъи иҷтимоӣ, афзоиши ҷинояткорӣ ва ҳатто ба бетартибиҳо боис мегардид. Маҳз ба туфайли муҳоҷирони корӣ, ки бо хуну арақи ҷабин дар Русия маблағҳои пулӣ кор мекунанд, мо дар ҷомеаи нисбатан орому осуда зиндагӣ дорем», - навиштааст Исфандиёр.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар Русия каме бештар аз 800 ҳазор нафар муҳоҷирони кории тоҷик қарор доранд, аммо мувофиқи омори расмии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, дар шаҳрҳои гуногуни Русия ҳудуди 1,5 млн. нафар муҳоҷирони кории тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста