Имрӯз дар Хонаи кино (собиқ кинотеатри «Зебуннисо») нахустнамоиши филми тасвирӣ бо забони тоҷикӣ дар формати 3D «Сказки Айры» (Афсонаҳои Айра) баргузор мешавад.

 Маросими нахустнамоиши филмро иттиҳодияи ҷамъиятии «Ҷавонони асри 21» дар ҳамдастӣ бо ширкати мултимедиавии «Ангор» барпо мекунанд.

Ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ бо такя ба маълумоти лоиҳаи аввали ҷавонон дар Осиёи Марказӣ – Матриса иттилоъ дода будем, ки дар Тоҷикистон нахустин филми тасвирӣ (мултфилм) бо формати 3 D наворбардорӣ шуд , ки барои амалисозии ин иқдом ба муаллифони он 60 ҳазор доллари ИМА маблағ лозим шудааст.

Зикр гардида буд, ки барои таҳияи нахустин филми тасвирии 3D дар Тоҷикистон муддати якуним сол ҳамагӣ се нафар заҳмат кашидаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар студияҳои кишварҳои хориҷӣ рӯйи он ҳадди ақал 50 нафар машғули кор буда, муҳлати анҷоми таҳияи он 3-5 сол аст.

Моҳияти филми тасвирии мазкур дар он ифода меёбад, ки мардум метавонанд дар фазои сулҳу созиш бо олами ҳайвонот зиндагӣ дошта бошанд ва дар ҳамин ҳол, набояд фаромӯш кард, ки одамон мавҷудияти соҳибидроканд ва бо тарзи дигар низ метавонанд аз истифодаи боигариҳои Замин баҳра бардоранд.