Биноҳои суд ва прокуратураи шаҳри Хоруғ, ки ҳангоми бетартибиҳои моҳи майи соли равон сӯхта шуда буданд, барқарор карда шуданд.

Макони бинои сешоёнаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят низ, ки сӯхта шуда буд, коимлан тоза шуда, дар ҷойи он бинои муосири Раёсат сохта мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз дастгоҳи ҳукумати ВМКБ хабар доданд, дар барқарор кардани ин биноҳо ихтиёриёни шаҳри Хоруғ низ кумак кардаанд. Дар бораи маблағи масрафшуда барои барқарор кардани биноҳо маълумот дода нашуд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 21-уми май дар маркази шаҳри Хоруғ амалиёти махсуси боздошти гумонбарон ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир доир гардид. Дар натиҷаи тирпарронӣ се нафар ҳалок ва чор нафар ҷароҳат бардоштанд.

Баъди ин садҳо сокинони шаҳр ба нишони эътироз ба гирдиҳамойӣ даст заданд. Издиҳом ба биноҳои шуъбаи милиса, прокураура ва КДАМ ҳуҷум кард. Шаби 22 ба 23-юми май дар натиҷаи ҳодисаи дигар дар Хоруғ, ки ҳукуматдорон онро кӯшиши ҳуҷуми мусаллаҳона ба бинои КДАМ номиданд, 1 нафар ҳалок ва 2 тани дигар захмӣ шуданд.

Комиссияи муштарак аз ҳисоби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то ҳанӯз рӯйдодҳои мазкурро тафтиш мекунанд.