Чанде қабл дар машварати кории шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба чанд рӯз пештар доир намудани тантанаҳои истиқболи ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе тасмим гирифта шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, санаи баргузории тантанаҳои истиқболи ҷашн таҷдиди назар шуда, мутобиқ ба он, санаи таҷлили ҷашни мазкур аз 29-31-уми октябр ба 18-19 октябри соли 2014 гузаронида шуд.
Ҳамин тариқ, рӯзи 18-уми сентябр дар Кохи Ваҳдат ҷаласаи тантанавӣ бо консерти идона ва нимаи дуюми ҳамон рӯз тантанаҳои марбута дар чор боғҳои фарҳангӣ ва фароғатии шаҳр дар сатҳи ноҳияҳо доир мегардад.
Рӯзи якшанбе, 19 октябр дар боғи Наврӯзгоҳ Карнавали идона баргузор мегардад, ки дар он дилхоҳ сокини шаҳр имкон дорад фаъолона ширкат варзад. Бо мақсади омодасозии шаҳр ба ин ҷашни мавлудӣ дар ҷаласа қарор гардид, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар ҳудуди пойтахт бо ҷалби васеи сокинону субъектҳои хоҷагидорӣ ҳашари умумишаҳрӣ доир карда шавад.
Ба иттилои манбаъ, дар машварат ҳамчунин масъалаҳои мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили ҳолати санитарию экологӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ, пешгирии савдои кӯчагӣ ва таъмини амнияти истеъмолию ғановати бозорҳо бо маҳсулоти ниёзи аввалия, безараргардонии сагҳои дайду ва ҳолати таъмиру нигаҳдории роҳҳо, инчунин омодагиҳо ба мавсими зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар иртибот ба ҳар кадом ба масъулин дастуру супоришоти дақиқ ироа карда шуд.
«Бо дахли масоили татбиқу риояи Маромномаи сокини пойтахт ва Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби бошандагони пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулини шаҳрдорӣ ва Раёсати вазорати корҳои дихилӣ дар шаҳри Душанбе дастур фармуд, ки нисбати рафъи амалҳои номатлуби талбандагӣ дар шаҳр, ки мутассифона зиёдаравии ин раванд вақтҳои охир ба мушоҳида мерасад, чораҳои пешбининамудаи қонунгузориро муассир амалӣ созанд», - омадааст дар хабар.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста