Рӯзи 20-уми сентябр дар назди оромгоҳи файласуф ва мутафаккири машҳури Шарқ Мир Саийд Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб маросими ба макони муқаддаси Ислом гусел намудани зиёин ҷиҳати адои маросими фаризаи ҳаҷ баргузор шуд.
Мудири шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон имсол ҳудуди 660 нафар ба зиёрати Хонаи Худо раҳсипор мегарданд, ки нисбат ба соли гузашта 10 нафар зиёдтар аст.
«Бевосита аз шаҳри Кӯлоб дар навбати аввал наздики 130 нафар шабона бо ҳавопаймо ба Арабистони Саъудӣ мераванд», - гуфт ӯ ва илова намуд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби худ омӯзори мактабиаш Кӯган Иззатуллоевро ба адои маросими ҳаҷ сафарбар кардааст.
Ёдрас мекунем, ки соли равон зиёда аз 6 ҳазор нафар тоҷикистониён бояд ба адои маросими ҳаҷ раҳсипор мешуданд. Ҳавопаймои нахустин бо зойирини тоҷик рӯзи 14-уми сентябри соли равон аз Душанбе ба Ҷидда раҳсипор гардид. Парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» анҷом дода мешаванд.
Нархи ҳаҷҷи соли гузашта 17 ҳазору 127 сомонӣ (3 ҳазору 546 $) ва имсол бошад, дар муқоиса ба соли гузашта 497 сомонӣ (103 $) фарқ дошта, 17 ҳазору 625 сомонӣ (беш аз 3 ҳазору 710 доллари ИМА тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон)-ро ташкил медиҳад. Соли 2011 арзиши адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста