Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират ҳафтаи гузашта қарзи муҳоҷирони кории тоҷик аз музди меҳнат дар ҳаҷми беш аз 130 ҳазор рубл пардохта шуд.

Котиби матбуотии намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба сокини 44-солаи ноҳияи Ҳисор Хуршед Абдураҳмонов, ки дар яке аз ширкатҳои сохтмонии шаҳри Маскав кор мекард, 57 ҳазор рубл, ба сокини 33-солаи шаҳри Истаравшан, ки дар ширкати сохтмонии вилояти Твер ба ҳайси устои барқ фаъолият дошт, 60 ҳазор рубл ба сокини 36-солаи ноҳияи Ёвон Ҷулабек Холов – 17 ҳазор рубл қарз аз музди меҳнаташон пардохта шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки муроҷиати муҳоҷирони кории тоҷик ба намояндагӣ доир ба ин масъала хеле зиёд ба мушоҳида мерасад. «Мутаассифона, қариб дар ҳама ҳолатҳо миёни корфармо ва коргар шартномаи меҳнатӣ ба имзо нарасидааст, ки ба рӯи кор омадани мушкилот зимни пардохти музди меҳнат боис мегардад», - таъки дошт номбурда.