Анонс

- Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Таъмини аҳолии кишвар дар зимистони соли 2014 бо маҳсулоти кишоварзӣ ва нархгузорӣ дар бозорҳои ҶТ» брифинг доир мегардад. Оғоз соати 10-00;

- Дафтари Созмони байнулмилалии меҳнат бо иштироки Юхани Тойвонен, сафири Вазорати корҳои хориҷии Финландия, ки сарпарасти лоиҳа аст, барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ маросими расмии муаррифии марҳилаи 2-юми лоиҳаи « Рафъи буҳрон ва таъмини меҳнати шоиста ва бехатар»-ро барпо мекунад. Маросими муаррфӣ аз соати 09-00 то 12-00 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ гузаронида мешавад;

- Дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» таҳти унвони «Чорисозии механизмҳои нави маблағгузорӣ ба тандурустӣ» форуми байнулмилалӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 08-30.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.9899 сомонӣ;

1 евро - 6.4160 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.129 3 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1991 – Дар иҷлосияи фавқулоддаи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ раиси парлумон Қ.Аслонов истеъфо дода, раиси Шӯрои Олӣ Раҳмон Набиев интихоб шуд.

2013 — Эмомалӣ Раҳмон дар кори нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СААД дар Сочи ширкат варзид, ки дар он оид ба кумак ба Тоҷикистон дар таҳкими марзи давлатӣ аз ҷониби созмон тасмим гирифта шуд.

1931 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Аврод Бурҳонов.

1947 – Мавлуди иқтисодчӣ Тоҳир Абдуллоев.

1953 – Зодрӯзи сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ Иззатулло Шарифов.

1954 – Мавлуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшо Раҳматуллоев.

1959 – Зодрӯзи коргардони театр, Арбоби шоистаи Тоҷикистон Бурҳониддин Раҷабов.

1960 – Мавлуди журналист Мамадалии Бахтиёр.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +26+31.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +19+24.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +6+11, рӯзона +25+30;  дар шарқи вилоят шабона -3+2, рӯзона +11+16.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +23+28.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +28+30.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +26+28.