Сафири ИМА Сюзан Эллиотт ва раиси  ҳукумати ноҳияи Данғара Маҳмадулло Саидалиев, роҳбари шӯъбаи таҳсилоти миёнаи умумии   Вазорати мориф ва илми Тоҷикистон Абдуҷаббор Алиев, роҳбарони шӯъбаҳои ноҳиявии маориф,  омӯзгорон ва хонандагони мактаби №4, 48-умин солгарди «Рӯзи байналмилалии дониш»-ро дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷашн гирифтанд.

Бино ба иттилои сафорати ИМА дар ҶТ, таҷлили Рӯзи байналмилалии дониш дар тамоми ҷаҳон аз  моҳият ва  аз  ва бузургии  дониш хотиррасон мекунад.  Мувофиқи ЮНЕСКО, таълим гирифтан - ин ҳаққи бунёдии ҳар як фард аст ва он дар ноил гаштан ба ба ҳадафҳои муштарак дар ҷодаи илм   муҳим аст. Бо вуҷуди тараққиёти хоса дар сар то сари дунё, тақрибан 774 миллион нафар аз ҷумлаи калонсолон, ки аз се ду нафари онҳоро занҳо ташкил медиҳанд соҳиби савод нестанд.  Омӯзиш аз аёми хурдсолӣ оғоз мегардад, ҳатто пеш аз он ки кӯдак ба он мустақилона  шурӯъ кунад; хондани китоб барои кӯдак муҳаббаташро нисбат ба  хондан ва омӯзиши мунтазам меафзояд.

USAID шарики устувори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм  мебошад, ки ба таълими барои ҳама дастрас аҳамияти махсус медиҳад. Ба шарофати таҷлили Рӯзи байналмилалии дониш 2014 барномаи USAID «Ҳавасмандгардонии хонандагон ба таҳсил», 7260 дона китобро ба 165 мактаби вилояти Хатлон тақдим намуд.  Бастаи китобҳо иборат аз  адабиёи бадеӣ, шеърҳо ва адабиёти классикӣ дастраси ҳар як мактаб гардид. Дар маҷмӯъ, аз ҷониби барнома 11055 дона китоб барои ҳамаи синну сол ба китобхонаҳои макотиби  вилояти Хатлон  пешниҳод гардид.

Сафири ИМА Сюзан Эллиотт дар чорабинии мазкур  қайд намуданд: «Дар давоми 12 сол Ҳукумати ИМА шарики фаъоли Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи илм ба ҳисоб меравад.  Мо ҷиҳати  тақвият додани имкониятҳои омӯзгорон ва зиёд намудани ҳавасмандии хонандагон дар рафти таҳсил ҳамкорӣ менамоем».

Барномаи «Ҳавасмандгардонии хонандагон ба таҳсил»  дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм ва кормандони мактабҳо бо мақсади  ҳавасманд кардани хонандагон ҷиҳати идомаи таҳсил дар мактаб таҳия гардидаст. Масъулини Вазорати маориф ва намояндагони соҳаи илм дастгирӣ  ва роҳнамоии USAID-ро, ки тавассути барномаи зикргардида пешниҳод мегардад, қобили қабул мешуморанд. Барномаи мазкур ба 83 макотиби  вилояти Хатлон  ҷиҳати муайян кардани 3250 нафар хонандагоне, ки дар таҳсил мушкилӣ доранд, кӯмак расонид. Иштироки ин гуна толибилмон дар дарсҳо, рафти таҳсили онҳо таҳти назорати ҷиддии мактаб қарор дошта, ҷиҳати дастгирии идомаи таҳсили онҳо бо волидайнашон ҳамкорӣ менамоянд. Инчунин барномаи мазкур барои сайқал додани дониши хонандагон аз фанҳои асосӣ дарсҳои иловагӣ пешниҳод мекунад. Чорабиниҳое, ки дар чорчӯбаи барнома амалӣ мегарданд ҷиҳати муайян намудани самаранокии  онҳо мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд. Дар анҷом, барномаи зикргардида роҳнаморо бо стратегияҳои муваффақ    таҳия менамояд, ки баъдан метавонан барои беҳтар кардани ҳавасмандии хонандагон ҷиҳати идомаи таҳсил дар мактаб дар тамоми кишвар ва минтақа истифода шаванд. 

Барномаи USAID оид ба ҳавасмандгардонии хонандагон аз ҷумлаи яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмак мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ имконпазир гардидаст. Аз соли 1992 инҷониб, мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона ҷиҳати дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоро ҷудо намудааст.